價格:免費
更新日期:2018-10-01
檔案大小:2.7M
目前版本:3.0
版本需求:Android 4.0.3 以上版本
官方網站:mailto:bekmuhamads@gmail.com
Email:https://beksoft.blogspot.com/p/privacy-policy-info-apps-built-300-app.html
Нишонаҳои қиёмат
Бисмиллоҳир-раҳмони-р-раҳим
Худо дар интизори ҳамди мо нест,
Муҳаммад чашм ба роҳи сано нест.
Муҳаммад ҳомиди ҳамди Худо бас,
Худо мадҳофарини Мустафо бас.
Муноҷоте агар бояд баён кард,
Ба як байте қаноат метавон кард.
Муҳаммад аз ту мехоҳем Худоро,
Илоҳӣ! Аз ту ҳубби Мустафоро.
Фидои зоти мунбиъу-л-баракот ва ҷомеъи сифоти он сарвари коинот фахри мавҷудот, ҳазрати Расули Карим,
саллаллощу алайҳи ва саллам, ки аз раҳмат ва шафқати хеш, аз тамоми ҳаводис, воқеаҳо ва фитнаҳои оянда,уммати худро хабар додааст, то уммат аз фитнаҳои ҳар замон наҷот ёбад.
Ҳазрати Мавлоно Муҳаммад ошиқи Илоҳӣ домат файзуҳу ва баракотуҳу, рисолаи зери назари мавсум ба «Аломоти Қиёмат-ро ба ҳамин манзур таълиф намуда, ки мусулмонон онро мутолиа карда, аз воқеъоти оянда огоҳ шаванд ва аз вуқуъи фитнаҳои оянда иҷтиноб варзанд. Аммо чун рисолаи мазкур ба забони Урдӯ буд, бандаи ҳақир нафъи бародарони форсизабонро мулоҳиза дошта ва онро тарҷума кардам. Умед аст, ки Худованди Мутаъол тамоми бародарони исломиро аз фитнаҳои охири замон маҳфуз дошта ва хотимаи ҳамаро бо имон гардонад. Омин биҳурмати Сайиди-л-аввалин ва-л-охирин салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин ило явмиддин.